Эзоҳҳои гумрук
1.Дар сурати мавҷуд набудани тамғаи воситаи нақлиёт дар ҷадвали мазкур, ё пайдо шудани гуногунфаҳмиҳо вобаста ба арзиши муайяншуда, бинобар сабаби хислати тавсиявӣ доштани ҷадвали мазкур ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда шавад.
2. Ҳангоми барасмияти гумрукӣ даровардани воситаҳои нақлиёт, дуруст пур намудани сутунҳои 31, 36, 37 ва 41 бо дарҷ намудани рақами идентификатсионии воситаи нақлиёт (VIN CODE), тамғаи воситаи нақлиёт, соли барориш, ҳаҷми муҳаррик ва давлати истеҳсолкунанда ҳатмист.
3. Воситаҳои нақлиёте, ки ҳангоми воридот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд, новобаста аз ҳолати қарордошта, тибқи ҷадвали мазкур нархгузорӣ карда шаванд.
4. Агар арзиши гумрукии воситаи нақлиёт вобаста ба кишвари истеҳсолшудааш дар ҷадвали мазкур набошад, дар ин сурат арзиши гумрукӣ аз рӯйи тамғаи кишвари истеҳсолкунандаи асосии воситаи нақлиёт ба инобат гирифта мешавад
Ин ҳисоби тахминӣ аст. Маблағи ниҳоиро мақомоти гумрук муайян мекунад.