Манбаъ: Факсограмма аз 29 декабри соли 2023, №Ф-011-001-515 мавриди амал аз 01 январи соли 2024
Эзоҳҳои гумрук
1. Дар ҷадвали мазкур мафҳуми "аз 1 то 3 тонна, аз 3,01 то 5 тонна, аз 5,01 то 10 тонна, аз 10,01 то 15 тонна, аз 15,01 то 20 тонна, аз 20,01 то 25 тонна" ва "аз 25 тонна зиёд" воситаҳои нақлиёти бо рамзи молии 8701, 8704 ва 8429 маънои "Снаряженная масса" (вазни воситаи нақлиёт бе дарназардошти борбардорӣ)-и воситаи нақлиёт дар назар гирифта шудааст.
2. Дар ҷадвали мазкур дар рамзи молии 8716 мафҳуми "то 1 тонна, аз 1,001 то 5 тонна, аз 5,001 то 10 тонна, аз 10,001 то 15 тонна, аз 15,001 то 20 тонна, ва зиёда аз 20,001 тонна" маънои "Иқтидори борбардорӣ"-и ядак ва (ё) нимядак (прицеп, полуприцеп) дар назар гирифта шудааст.
3. Дар ҷадвали мазкур дар рамзи молии 8705 мафҳуми "то 20 тонна, аз 20,01 то 25 тонна, аз 25,01 то 30 тонна, аз 30,01 то 20 тонна, аз 50,01 то 70 тонна, аз 70,01 то 80 тонна, аз 80,01 то 100 тонна аз 100,01 то 150 ва аз 150,01 тонна зиёд" маънои "Иқтидори борбардорӣ"-и автокранҳо дар назар гирифта шудааст.
4. Дар чадвали мазкур дар рамзи молии 8705 мафхуми "то 6 м3 , аз 6,01 м3 то 9 м3, аз 9,01 м3 то 11 м3, аз 11,01 м3 то 12 м3, аз 12,01 м3 то 14 м3, аз 14,01 м3 то 15 м3, аз 15,01 м3 зиёд, маънои "Гунчоиши бетон" дар Автомиксерро дар назар гирифта шудааст.
5. Дар сурати мавҷуд набудани модели воситаи нақлиёти воридшаванда ва (ё) пайдо шудани гуногунфаҳмиҳо дар маълумотномаи мазкур ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда шавад.
6. Ҳангоми барасмияти гумрукӣ даровардани воситаҳои нақлиёт, пур намудани сутуни 31 бо дарҷ намудани рақами идентификатсионии воситаи нақлиёт (VIN CODE) ва муайян намудани давлати истеҳсолкунанда ҳатмист.
7. Автомобилҳои тариқи музояда (аукцион) харидоришуда, тибқи арзиши муайяншудаи музояда (аукцион) дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиккунанда ба расмияти гумрукӣ дароварда мешаванд.
8. Арзиши гумрукии воситаҳои нақлиёти бо рамзи молии 8701 "Тягач", тибқи арзиши муайяннамудаи автомобилҳои боркаши бо рамзи молии 8704 муайян карада шавад. Инчунин. бинобар сабаби доштани характери тавсиявӣ, дар ҳолати пайдо шудани гуногунфаҳмиҳо нисбати воситаҳои нақлиёт, техникаҳои махсус ва ядакҳо ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карда шавад.
9. Арзиши гумрукии воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, новобаста аз давлати истеҳсол, аз руи тамғаи (маркаи) давлати истеҳсолкунандаи асосии воситаи нақлиёт ба инобат гирифта мешавад (масалан воситаи нақлиёти тамғаи Mercedes-Benz Sprinter новобаста аз давлати истеҳсол, арзиши гумрукии он аз руи автомобилҳои истеҳсоли ширкатҳои Ҷумҳурии Федеративии Олмон (Germany) ба инобат гирифта мешавад).
Ин ҳисоби тахминӣ аст. Маблағи ниҳоиро мақомоти гумрук муайян мекунад.